Чорабинии “Сад ранги чакан” ба таври хотирмон гузашт
Саннаи 16 апрели соли 2020 дар толори муаассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо иштироки устодон ва донишҷӯён чорабинии маърифатию адабӣ таҳти унвони “Сад ранги чакан” баргузор гардид. Дар аввал донишҷӯдухтарон либосҳои миллӣ, аз ҷӯмла куртаи чаканро ба намиш гузоштанд, ки ҳозирин бо зебогии либосҳои миллӣ ва зиннати гулдӯзӣ бори дигар аз наздик шинос шуданд.
Сипас, аз тарафи донишҷӯёни ихтисоси таълими мусиқӣ оҳангҳои дилнавоз ва сурудҳои пурмаънӣ иҷро намуда, ба чорабинӣ шукӯҳи дигаре зам намуданд.
Бояд иброз намуд, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба дастовардҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ҳарчи бештар муаррифӣ намудани чакан ва ҳунари гулдӯзӣ директори таълимгоҳ Абдураҳимзода Идрис таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.
Муовини деректор оид тарбия Шарипова Шаҳло, ки масъули ин чорабиннӣ буд, зимни суҳбат бо мо мақсади баргузории маҳфилро чунин баён кард: “Яке аз вазифаҳои мо омӯзгорони таълимгоҳ ин пеш аз ҳама тавассути баргузор намудани чунин чорабиниҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ дар байни дорнишҷӯён мебошад”.
Миралӣ Воҳидов