ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ФАРҲАНГ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ФАРҲАНГ

      Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, айёми эҳёи табиат ва тантанаи дӯстиву ваҳдат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

        Санаи 18 марти соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Наврӯзи байналмиллалӣ ба муносибати Рӯзи фарҳанг бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд.
Дар тантанаи идона як қатор меҳмонон ва устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Бояд иброз намуд, ки донишҷӯён аз ҳар як гурӯҳ дастархони идонаи Наврӯзӣ оро дода буданд. Рӯи хони онҳоро таомҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафтшин зеб медодод.
Макони баргузории чорабинӣ бо шиору лавҳаҳо бахшида ба Наврӯзи Аҷам ва бо зардӯзиву гулдӯзиҳои таранумгари фарҳанги пурғановатамон ороиш дода шуда буд.
Нахуст директори муассисаи давлатии Коллефи фарҳанги ҷумҳурявии ба номи П. Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис якҷо бо меҳмони даъватшуда, аз дастурхони идонаи донишҷӯён дидан намуда, барои дастархонороии хоси фарҳанги тоҷикӣ ба онҳо баҳои баланд доданд.
Баъдан, директори муассисаи таълимӣ И. Абдураҳимзода матни табрикотии худро ба саъми ҳозирин расонид ва ба онҳо Наврӯзро муборакбод намуд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Насриддин Очилдиев низ бо сухани табрикотии худ баромад карда, дар фазои идона ба як қатор омӯзгорони Коллеҷи фарҳанг медалҳои “Аълочии фарҳанг” ва “Аълочии матбуот”-ро, ки аз ҷониби вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба муносибати Наврӯзи байналмиллалӣ қадрдонӣ гардидаанд, тақдим намуд.
Сипас, барномаи театрикунонидашудаи устодону донишҷӯён, ки аз рақсу суруд, шеъру тарона, саҳначаҳои тарбиявӣ иборат буд, пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Дар гӯшаи дигари муассисаи таълимӣ бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гуштини миллӣ, бандкашӣ, вазнбардорӣ, ки дар сатҳи баланд ташкил гардида буд, пешкаши тамошобинон гардид ва меҳмонон ба маҳорати варзишии донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг баҳои баланд доданд.

Миралӣ Воҳидов

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОДИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

          Санаи 16 марти соли 2020 дар асоси супориши директори  Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб дар муассисаи таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

     Рӯзи дарҳои кушод бо мақсади  шинос намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ аз шароити таҳсил дар муассисаи таълимӣ, маълумот додан дар бораи  ихтисосҳои мавҷуда ва ҷалби бештари довталабон ба Коллеҷи фаҳанг дар соли  таҳсили 2020-2021 гузаронида шуда, дар рафти он аз ҷумла, хатмкунандагони Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 9 ва 73  бевосита аз шароитҳои мавҷудаи таълимгоҳ шинос шуданд.

       Довталабонро устодони масъули Коллеҷи фарҳанг, аз ҷумла муовини директор оид ба таъдим Аттоев Абдураҳмон, мудири китобхона Нематов Мирзо, омӯзгорон Собиров Тоҳир, Саидов Мҳаммад ва дигарон  роҳбалида карда, онҳоро бо устодону донишҷӯён, китобхона, синфхонаи компютерӣ, аудиторияҳои муҷаҳаз, толори варзишӣ,  хобгоҳи таълимгоҳ шинос намуданд.

            Дар рафти сӯҳбату  вохӯриҳо зикр гардид, ки айни ҳол дар Коллеҷи фарҳанг аз рӯи ихтисосҳои таълими мусиқӣ, менементи соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (фолкулор) мутахассисони миёнаи касбӣ таёр карда мешавад. Барои ба талаботи бозор ҷавобгӯ  таёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг дар Коллеҷ  бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё мебошад.

          Шумораи довталабон, ки зиёда 60 нафарро ташкил медод,  изҳори омодагӣ намуданд, ки  ҳуҷҷатҳояшонро ба Коллеҷ супорида, дар оянда мутахассис шуда, дар рушди фарҳанг хизмат саҳми худро мегузоранд.

                                                                                                        М.Воҳидов

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Санаи 14- марти  соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Зеро масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб карор дорад.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти дуюми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ,  Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, зиёда аз 500 адад гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

         Амалӣ намудани тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишвар имрӯзҳо бо маром идома доранд. Ин ҳама корҳои созанда бо мақсади иҷроиши  сиёсати созандагию ободонии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии  Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

МИЗИ МУДАВВАР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОИТИ ТОҶИК

МИЗИ МУДАВВАР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МАТБУОИТИ ТОҶИК

      Санаи 11 марти соли 2020  бо супориши директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб дар китобхонаи муассисаи таълимӣ таҳти унвони “Бухорои шариф”-нахустин рӯзномаи тоҷикист»  бо иштироки муовини  директор оид ба таълим Аттоев Абдураҳмон, мудири шуъбаи кадр, коргузорӣ ва бойгонӣ Олимзода Сиёвуш,  мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ Воҳидов Миралӣ, мудири китобхона Неъматов Мирзо омӯгорон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

         Дар оғоз мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ М. Воҳидов суханронӣ карда, дар бораи нахустрӯзномаи тоҷикӣ  “Бухорои шариф”  маълумот дод. Номбурда дар баромадаш қайд кард, ки 11 марти соли 1912 рӯзномаи “Бухорои шариф” таъсис ёфта,  ҳамагӣ 153 шумора нашр гардидааст. Дар муддати камтар аз як соли мавҷудяташ рӯзнома тавонист, ки дар рушди минбаъдаи матбуоти тоҷик заминаи муҳим гузорад.

   Сипас, омӯзгори Коллеҷи фарҳанг Қурбонова Саврия ва донишҷӯён оид ба таърихи ташакул ва инкишофи матбуоти тоҷик маърӯза намуданд.

        Дар охир мувини директор оид ба таълим Аттоев  А. суханронӣ карда, ҳозиринро  ба муносибати рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ  “Бухорои шариф”  табрику муборакбод гуфта, донишҷӯёнро барои боз хам бештар омухтани илму дониш ҳидоят намуд.

МАҚСАДИ МО – РУШДИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛИСТ

МАҚСАДИ МО – РУШДИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛИСТ

      Санаи 3-юми марти  соли 2020  бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи Модар ва Наврӯзи Аҷам дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов таҳти унвони “Чакомаи гесӯ”  чорабинии адабӣ-мусиқӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири Бахши чавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ, директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Барномаи чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Шаҳло Шарипова омода намуд, ки ҳозирин ҳар як номераи онро бо кафкубиҳои бардавом пазироӣ намуданд.

       Аз ҷониби донишҷӯдухтарони Коллеҷи фарҳанг  намоиши либосҳои миллӣ дар сатҳи баланд пешниҳоди  тамошобинон гардид. Донишҷӯи бахши якуми ихтисоси рӯзноманигорӣ Мадина Қодирова суруди “Модар”-ро бо истеъдоди хоса иҷро намуд.  Маросими Рубинонро донишҷӯёни ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ  бо риояи нозукиҳояш иҷро карданд. Яке аз анъанаҳои миллиамон –маросими “Саршӯён” –ро, ки ба саҳнагузорандаи он омӯзгор Соро Раҳимова  буд, донишҷӯёни таълимгоҳ  хеле хуб иҷро карданд.  Аз ҷониби баромадкунагон хуришҳо ва хурокҳои  миллӣ омода гардид, ки барои ҳунари кадбонугии онҳо аҳли нишаст кафкубиҳо заданд. Инчунин,  донишҷӯдухтарон бо муйҳои дарози худ ба саҳна баромада, зебогии муйҳои дарози бонувонро   нишон доданд.

         Дар охир директори муассисаи таълимӣ И.Абдураҳимзода ва мудири Бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳия А.Сатторӣ суханронӣ карда, мақсади ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳоро мусоидати фаъол намудан ба рушди анъанаҳои миллӣ арзёбӣ карда, ба устодон ва донишҷӯён барои ташкил ва баргузор кардани ин чорабинии хотирмон баҳои баланд дода,  ба як қатор баромадкунандагон Ифтихорномаҳо супориданд

Миралӣ Воҳидов

 

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ  ҒОЛИБИ ОЗМУН ГАРДИД

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ  ҒОЛИБИ ОЗМУН ГАРДИД

       Дирӯз (28 феврали соли 2020) дар толори Мактаби санъати бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи модар ва солҳои 2019-2020 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” даври ноҳиявии озмуни  “Суруди  Модар-Алла”  баргузор гардид. Дар озмун зиёда аз 80 нафар донишҷӯдухтарон аз Коллеҷҳо, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва бонувони фаъол аз ташкилоту муассисаҳои   ноҳия   иштирок намуданд.

          Дар озмун, донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷуҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо маҳорати баланди сурудхонӣ иштирок карда, аз байни онҳо донишҷӯи бахши яки ихтисоси рӯзноманигорӣ  Қодирова Мадина,  куратораш Чоршанбиева Ситора бо садои фораму  дилнавоз ва маҳорати баландаш  “Суруди Модар-Алла”  -ро иҷро намуда, ғолиби даври ноҳиявӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт ва бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ низ қадрдонӣ гардид.

        Тавре, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдлоқов  Идрис Абдураҳимзода  зимни сӯҳбат ба мо иброз намуд, озмун бо мақсади баланд бардоштани худшиносию худогоҳии ҷавонон ва ҳамчунин дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстию меҳанпапрастӣ ва ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар, Ватан ва рамзҳои давлатӣ дар рӯҳияи наврасону ҷавонон ва дарёфт намудани соҳибистеъдоҳо, чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд  аз ҷониби Бахши кор ба ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Коллеҷи фарҳанг, ки муассисаи илму ҳунар аст, бояд дар чунин Фестивалу озмунҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардад ва дар рушди фарҳангу санъати тоҷик саҳми бузург гузорад.    

   М.Воҳидов