“КИТОБ-БУЗУРГТАРИН ИХТИРООТИ ИНСОНӢ”

          “КИТОБ-БУЗУРГТАРИН ИХТИРООТИ ИНСОНӢ”

      Санаи 26 феврали соли 2020  бо супориши директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб дар толори муассисаи таълимӣ таҳти унвони “Китоб-бузургтарин ихтирооти инсонӣ”  чорабинии маърифатию фароғатӣ баргузор гардид. Барномаи чорабинӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯёни кафедраи Рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносӣ омода гардида, пешкаши аҳли нишаст гардид. 

         Бояд ёдовар шуд, ки  донишҷӯёни ғоибхони Коллеҷи фарҳанг низ дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, бо суруду оҳангҳои пурмазмуну дилнишин ва рақсҳои зебо ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуданд. Аз рӯи барнома роҷеъ ба таърихи пайдоиши китоб ва аҳамияти он, қироати шеърҳо дар васфи китобу китобхонӣ, иқтибосҳо доир ба қадрдонии китобу китобхон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати ммиллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфторҳои бузургон дар ситоиши китоб, саҳначаи тарбиявӣ ва дигар номераҳоро донишҷӯён дар сатҳи баланд иҷро намуданд.

           Дар охир декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавии Коллеҷи фарҳанг Ҷаъфаров Ҷаъфар суханронӣ намуда, таъкиду ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ммиллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид  мутолиаи китоб  ба саъми  ҳозирин расонид ва ҳарчи бештар ба ин монанд  гузаронидани маҳфилҳоро ба устодону донишҷӯён  таъкид намуд.

М. Воҳидов

ОМӮЗИШИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

ОМӮЗИШИ НУҚТАҲОИ ПАЁМ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

       25 феврали соли 2020 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо мақсади боз ҳам хубтар омухтани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ, директори Коллеҷ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳоб, устодон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаи таълимӣ  ҷамъомад баргузор гардид.

         Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳамзаалӣ Юсуфӣ баромад намуда, Паёми Пешвои миллатро чун ҳуҷҷати  роҳнамо ва китоби рӯимизии кормандони ташкилоту идораҳо номид. Дар идомаи баромадаш номбурда аз дастовардҳои халқи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуданд. Ҳ. Юсуфӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон чунин таъкид намудаанд:-“Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демокраӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Бинобар ин аз ҳозирин ҳоҳиш намуд, ки дар таълиму тарбияи шогирдони сазовори давру замон саҳми намоён гузоранд. Дар рафти баромадаш Ҳ.Юсуфӣ, инчунин ёдовар шуданд, ки санаи 1 марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мегардад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.

        Сипас, як зумра омӯзгорони таълимгоҳ  суханронӣ карда, бо ифтихор ёдовар шуданд, ки  имрӯзҳо дар фазои сулҳу салоҳ ва давлати соҳибистиқлол фаъолият намуда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии саодатмандона ноил гардидаанд. Дар оянда боз ҳам Тоҷикистон рушд менамояд, зеро дар Паёми Пешвои миллат дурнамои тамоми соҳаҳо нишон дода шудааст, ки умедҳоро ба гул-гулшукуфоии Тоҷикистон зиёд намудааст.

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

ШАНБЕГӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

       Бо мақсади тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист, сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дилфиребу назаррабо намудани саҳни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 22-юми феврали  соли 2020 дар муассисаи таълимӣ шанбегӣ ташкил ва гузаронида шуд. Масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи  Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгоҳ зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб карор дорад.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни басти якуми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, рӯзноманигорӣ ва таълими мусиқӣ бо роҳбарии омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, ҷӯйборҳоро тоза намуда, гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинониданд ва синфхонаҳоро донишҷӯдухтарон тозаю ороста гардониданд.

         Амалӣ намудани тадбирҳои  ободонию зебоинигорӣ  дар сартори кишвар имрӯзҳо бо маром идома доранд. Ин ҳама корҳои созанда бо мақсади иҷроиши  сиёсати созандагию ободонии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30-солагии  Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

      М. Воҳидов 

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Коллеҷи фарҳанг

Чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Коллеҷи фарҳанг

      Санаи 20 феврали  соли  2020 ба муносиати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов  чорабининии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия Раҳимов Абдуқодир, Ҳасани Темурхон, омӯзгорон ва донишҷӯёни таълимгоҳ  иштирок намуданд.

     Баъд аз  садо додани суруди миллӣ ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардида, аз ҷониби донишҷӯён нахуст гашти низомӣ иҷро гардид. Санвганди ҳарбиро донишҷӯи ихтисоси  рӯзноманигорӣ  дар сатҳи хуб қироат намуд. Аз рӯи барномаи чорабинӣ  донишҷӯёни ихтисоси таълими мусиқӣ бо хондани сурудҳо дар васфи Ватан ва навозиш бо асбобҳои миллии мусиқӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Саҳначаи тарбиявие, ки  донишҷӯёни ихтисоси эҷодиёти халқ  пешкаши ҳозирин намуданд, писанди тамошобинон гардид. Донишҷӯёни ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, Пешвои миллат шеърҳои беҳтаринро қироат намуданд. Бояд гуфт, ки ду номераи дигари чорабиниро донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ ва Менеҷмен бо завқи баланд иҷро намуда, сазовори кафкубиҳои зиёд шуданд. Инҳо бандкашӣ ва вазнбардорӣ буда,  яке аз навъҳои бозиҳои варзишии миллии мо тоҷикон ба ҳисоб меравад ва аз ҷониби донишҷён дар сатҳи хуб иҷро гардиданд.

           Дар охири ҷамъомад директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб ва кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия Раҳимов Абдуқодир, Ҳасани Темурхон суханӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони Ватан-Модарро бо фарорасии солгарди Рӯзи Артиши миллӣ табрику муборакбод гуфта, аз донишҷӯписарон даъват ба амал оварданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша тайёр бошанд.

          Дар охири  ҷамъомад директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ Абдураҳимзода Идрис Абдуваҳҳоб ба меҳмонон ва як қатор устодону донишҷӯёни фаъол Ифтихорнома тақдим намуд.

Миралӣ Воҳидов

ШАНБЕГӢ БАХШИДА БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН

ШАНБЕГӢ БАХШИДА БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН

      Дар доираи нақша-чорабиниҳои оид ба гузаронидани маъраки сиёсии дар пеш истода, интихоботи вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад,   аҳли устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва бо мақсади гузаронидани аксияи тозагии атроф, имрӯз дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҷӯйборҳо ва шоҳроҳу ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тоза намуда, донишҷӯён баҳри тоза ва озода нигоҳ доштани кӯчаву гузаргоҳҳо ва ҷӯйборҳо аксияи дар боло зикр гардидаро ташкил намуда, партовҳоро аз ин макон берун намуданд.

Қурбонова С.