«Танзим — беҳбудии оила ва ҷамъият”
Бо мақсади саҳм гузоштан дар амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиситон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барономаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2014-2023” тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи маъмурияти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов санаи 7- уми декабри соли 2019 дар толори мактаби мусиқии бачагонаи ба номи М. Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи тадбирҳои “16-Рӯзи пешгирии зуроварӣ дар оила” чорабинии маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабнӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, директори хазинаи Авру Осиёгии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон Азизҷон Сайфуллоев, Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ, Генерали адлияи дараҷи 3 Шаҳидуллозода Муҳаммадвалӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД ҶТ Саидамирова Фирӯза, аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Гулпарӣ Латипова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Дар оғоз директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуривии ба номи П.Бӯйдоқов Идрис Оқилов дар назди ҳозирин маърӯза намуда, оид ба арзиши оила дар назди давлат ва аҳамияти пойдории он андешаҳои худро иброз намуд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия зимни баромадаш аз ҷумла қайд карданд, ки: “Чорабинии имрӯза бениҳоят ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, барои азму талоши зиндагӣ, сарҷамъию муттаҳидӣ, дилсузию масъулиятнокӣ ҳар яки мову шуморо водор менамояд, ки барои эмин доштани арзишҳои инсонӣ саҳмгузор бошем”.
Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳидуллозода Мӯҳаммадвалӣ ҳангоми суханронияш аз ҷиноятҳое, ки дар оилаҳо содиршуда, боиси нигаронии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гардидаанд, ёдовар шуда, аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳар як сокини ноҳияро ба эҳтиром намудани худ ва дигарон даъват намуд.
Зимни маърӯзаҳояшон дигар баромадкунандагон ҳам оид бо хушбахтии оилаҳо фикру мулоҳизаҳояшонро баён карданд.
Дар қисми дуюми чорабнӣ устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов барномаи мукаммали фарҳангии омодакардаашонро манзури ҳозирин гардониданд, ки аҳли нишаст ба ифтихори фарҳангу санъати баромадкунандагон кафкубиҳои бардавом заданд.
Миралӣ Воҳидов[/vc_column_text][/vc_column][/vc_row]