ПАРЧАМИ МО-ИФТИХОРИ МО

ПАРЧАМИ МО-ИФТИХОРИ МО

Санаи 23-юми ноябри соли 2019 ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов тибқи нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо бо иштироки устодону донишҷӯён ва як гурӯҳ кормандони Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин тантанаи идона донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ, таълими  мусиқӣ ва эҷодиёти бадеии халқ баромад намудаанд. Дар баромадашон донишҷӯён  доир ба таърихи пайдоиш ва аҳмияти  парчамдорӣ барои давлату миллат, маънои рангҳои муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатӣ маълумотҳои зиёдеро ба саъми ҳозирин расониданд. Қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯҳо аз ҷониби баромадкунандагон ба чорабинӣ шукуҳи тоза зам намуд. Донишҷӯён бо ҳунару истеъдоди баландашон суруду таронаҳои дилангез,  рақсу саҳначаи тарбивии ҷолиберо пешкаши тамошобинон намуданд,  аҳли нишаст барои ҳунару истеъдоди баромадкунандагон кафкубиҳои зиёд заданд.

Дар охир аз  номи директори  муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис  муовини директор оид ба таълим Атоев Абдураҳмон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуданд.

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

15  ноябри соли 2019  ба ифтихори 27-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки устодону донишҷӯёни  муассисаи таълимӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар аввали чорабинӣ директори таълимгоҳ Оқилов Идрис бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, доир ба аҳамияти таърихии баргузории Иҷлосия ва дар рафти  он якдилона ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  намудани Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони халқ, андешаҳояшро иброз намуд. Директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис, инчунин оид ба хизматҳои беназиру таърихии  Пешвои миллат барои халқу Ватан ибрози андеша намуда,  аз ҷумла қайд карданд, ки Тоҷикистони ҷангзада ва аз ҷиҳати иқтисодиёт қафомондаро ба давлати орому пешрафта табдил додан маҳз ба шарофати заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон насиб гардидааст.

Дар рафти ҷамъомад дар фазои идона директори ин даргоҳи илму фарҳанг ба як қатор донишҷӯёни аълохон ва фаъоле,  ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявидошта пайваста иштирок менамоянд, Ифтихорномаҳо тақдим намуд.

Баъдан, барномаи маърифатию фарҳангии омодакардаи худро  устодон ва донишҷӯёни, ки ҳам дар шӯъбаи рӯзона ва ҳам дар шӯъбаи ғоибона таҳсил менамоянд, пешкаши ҳозирин гардониданд, ки ба ифтихори ҳунару маҳорати шеърхонӣ, сурудхонӣ ва навозандагии онҳо аҳли нишаст кафкубиҳои бардавом заданд.

Миралӣ Воҳидов,

ХУШИҲОИ ЗИНДАГӢ  АЗ  РУШДИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР ВОБАСТА АСТ

ХУШИҲОИ ЗИНДАГӢ  АЗ  РУШДИ ФАРҲАНГУ ҲУНАР ВОБАСТА АСТ

       Санаи 6 ноябри соли  2019 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сол сипарӣ мегардад.  Ба ин муносибат  5-уми ноябри соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги  ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои фарҳангу маориф, занону ҷавонон,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту идораъҳо ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

        Дар аввал, Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Акрамзода Рустам суханронӣ карда,  аҳли нишастро ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод  гуфта,  аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳамеша дар асоси талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолият намоянд ва ба зиндагии бо саодат ноил гарданд.

           Баъадан,  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳамзаалӣ Юсуфӣ баромад намуда, Конститутсияро ба сифати ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан  ба қуллаи мурод  донистанд ва дар анҷоми суханронияшон аҳли нишастро  бо солгарди навбатии қабули Конститутсия шодбош намуданд.

        Дар қисми дуюми ҷамъомад Барномаи мукаммали фарҳангию фароғатии устодону донишҷуёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ва дигар  ҳунармандони  ноҳия  пешкаши  ҳозирин  гардид.

         Ёдовар шудан ба маврид,  ки дар аксарияти номераҳои чорабинии идонаи сатҳи ноҳиявӣ устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо роҳбарии шахси масъул, декани факултети таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавии таълимгоҳ Ҷаъфаров Ҷаъфар фаъолона иштирок намуданд.  Махсусан, дар бораи Конститутсия ва моддаҳои он маълумоти муфассал додани донишҷӯён таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба худ ҷалб намуд. Инчунин, сурудҳои “Ватан”, “Қарзи ватандорӣ” –ро донишҷӯёни муассисаи  таълимӣ дар сатҳи баланд иҷро намуданд, ки тамошобинон ба ифтихори ҳунару истеъдоди онҳо кафкубиҳои зиёд заданд. Суруди “Холи руят” –ро  омӯзгори  Коллеҷи фарҳанг  Қурбоналӣ Шомаҳмадов бо ҳунари баланди овозхонӣ иҷро карданд.

Воқеан ҳам хушиҳои зиндагии мардум аз  рушди фарҳангу ҳунар вобаста аст, ки ин гуфтаҳоро дар чорабинии идонаи сатҳи ноҳиявӣ аҳли ҳунару фарҳанг, махсусан устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов таҳти  роҳбари  директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис    бори  дигар исбот намуданд.

                                             Миралӣ Воҳидов

АКСИЯИ “ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ” ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

АКСИЯИ “ПИРЯХҲОИ ХУДРО ҲИФЗ НАМОЕМ”

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

   Санаи 29-уми октябри соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Аксия таҳти унвони “Пиряхҳои худро ҳифз намоем”  бо ҷалби устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ баргузор гардид.  Дар Аксия бо супориш ва дастгирии директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис донишҷӯдухтарон  дар бар  либосҳои ягона чун рамзи обҳои мусаффои Тоҷикистон ва  донишҷӯписарон  бо шиору навиштаҷотҳо  фаъолона иштирок карда, ба  дигар ҳамсолони худ, аз ҷумла дастпарварони муассисаи таълимӣ  моҳияти масъалаи беҳтар кардани ҳолати экологии муҳити зист ва паст намудани таъсири тағйирёбии иқлимро фаҳмониданд. Дар ин чорабинии фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ омӯзгорони таълигоҳ ҳам саҳми назарраси  худро гузошта, дар рафти дарсҳояшон оид ба аҳамияти баргузор намудани Аксия дар байни шогирдон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

       Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлили Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи 22 декабри соли 2017 иброз намудаанд: “Дар давоми 40-соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад”. Воқеан ҳам бо ин таъкидҳояшон Пешвои  миллат Эмомалӣ Раҳмон хостори он мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ва паст намудани таъсири тағйрёбии  иқлим ба пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

           Эълон шудани солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор” аз ҷониби Пешвои миллат яке аз тадбирҳои муҳими роҳбари Давлат дар ҳивзи пиряхҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб рафта, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла сокинони кишварамон аз хатароҳои экологӣ, махсусан пиряхҳо  мебошад.

М.Воҳидов