БАРНОМАИ КОНСЕРТИРО ҲОЗИРИН ХУШ ПАЗИРОӢ НАМУДАНД
Санаи 19-уми октябри соли 2019 бо барномаи консертӣ ҳунармандони Фелармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон меҳмони устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов гардиданд. Барномаи консертӣ ба ифтихори солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, Сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, баҳри фароғати коллективи муассисаи таълимӣ бо номераҳои беҳтарини худ сарояндагону навозандагон, актёрҳо ва гулдухтарони рақосаҳои наврасу ҷавонони Филармонияи давлатии бачагона баромад намуданд. Ҳар як номераи баромадкунандагонро, аз ҷумла, сурудҳои “Тоҷикистон” дар иҷрои Таманно Гулмаҳмадова, “Модар” Бахтиёр Қурбонов, “Дили садоӣ ” Савригул Қурбонова, рақс бо доира дар иҷрои гулдухтари ансамбли рақсии “Парвона” Дилором Латипова, саҳначаи ҳаҷвӣ дар иҷрои гурӯҳи “Шакарханд” – ро ҳозирин бо кафкубиҳо пазироӣ намуданд.
Баргузории чунин барномаҳои консертӣ ба бедор шудани ҳиссӣ зебопарастӣ, ва тандурустию худогоҳӣ ва дигар арзишҳои олии инсонӣ таъсири бузург мерасанд