КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ПЕШТАРА ДИДА ИМРӮЗҲО ЗЕБОТАР ШУДААСТ.

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ПЕШТАРА ДИДА ИМРӮЗҲО ЗЕБОТАР ШУДААСТ

        Ба истиқболи   созовори 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва зебову назаррабо намудани муҳити зист,  рӯзи 28 09 2019  устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис ҳашар ташкил намуда, саҳни  таълимгоҳро  бо гулу гулбутаҳои ороишӣ ороста гардониданд, ки ин иқдоми наҷибибу шоиста боиси  дигаргун шудани ҳусни ин муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг гардид.

       Дар рафти ҳашар дар назди роҳравҳо аз ҷониби устодону донишҷуён зиёда аз ҳазор бех гулҳои ороишї шинонида шуданд. Инчунин, ҳашарчиён бехи дарахтонро бо пуррагӣ  нарм  карданд. Имрӯз  синфхонаҳоро тозаю озода намуда, ба зебогии  таълимгоҳ зебогии тоза зам намуданд.

       Дар инҷрои чунин корҳои ободонию зебонигорӣ саҳми омӯзгорон Аттоев А, Шарипова Ш, Ҳасанов Б, Ҷафаров Ҷ, Раҷабов Ф, Ҷамолов З, Шоҳмаҳмадов Қ ва дигарон шоистаи таҳсин мебошад.

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ УСТОД АБУАБДУЛЛОИ РӮДАКӢ

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ УСТОД АБУАБДУЛЛОИ РӮДАКӢ

         Бахшида ба 22-сентябр-Рӯзи  гиромидошти  Абуабдуллои Рӯдакӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо ва супориши бевоситаи директори  Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис дар толори ин муассисаи таълимӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён чорабинии фарҳангию адабӣ доир гардид.

      Чорабинро ровиёни маҳфил бо қироати шеърҳо аз ашъори устод Абуабдуллои Рӯдакӣ ҳусни огоз бахшиданд. Баъдан, аз рӯи барнома донишҷӯёни риштаҳои китобдорӣ ва эҷодиёти халқ намоишномаи пурмазмунеро аз  рӯзгор ва осори  Рӯдакӣ пешкаши ҳозирин гарнониданд, ки аҳли толор ба хотири ҳунарнамоии баромадкунандагон кафкубиҳои бардавом заданд.

Бо ҳунари овозхонию навозандагии худ донишҷӯёни ихтисоси таълими мусиқӣ баромад карда, хотири аҳли толоро бо хондани сурудҳо аз эҷодиёти Рӯдакӣ боз ҳам болида гардониданд.

Аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи рӯзноманигории муассисаи таълимӣ  рубоиётҳои баландмазмуни шоирони классики тоҷику форс хеле хуб қироат гардид, ки писанди аҳли нишаст гашт.

Бояд иброз намуд, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд доир шуда, дар хотираҳо дер боз нақш хоҳад баст.

САҲМИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

САҲМИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ

     Бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳатӣ, устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо роҳбарии директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис  иқдоми наҷибибу шоистаи ибратро амалӣ гардонида,  дар якҷогӣ ба  шанбегӣ баромаданд.

          Ҳайати устодон шогирдонро ба се гурӯҳ ҷудо намуда,  дар ҷойҳои ҷамъятие, ки ободию зебогӣ дар он ҷойҳо хеле муҳим аст, сафарбар намуданд. Аз ҷумла, як гурӯхӣ ҳашарчиён ба маркази ноҳия рафта, гирду атрофи Китобхонаи марказӣ, назди Парчам ва Нишони давлатиро дар ноҳияи Рӯдакӣ тоза озода намуда, бехи дарахтонро нарм ва гулҳои ороиширо аз алафҳои бегона тоза намуданд.

        Гурӯҳи дигари донишҷӯён дар кӯчаи Роҳи нави маркази ноҳия рафта, ҷуйборҳо ва наҳри калоне, ки дохилашон аз ашёҳои нолозим ва хору алафҳо пур гардидааст, тозаю озода намуданд.

         Як қисми омӯзгорон ва донишҷӯён ба деҳаи  Оли Сомони ҷамоати Зайнабобод рафта, дар  корҳои ободию созадагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №85, ки яке аз иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад,  саҳми назарраси худро гузоштанд.

        Иқдоми амалинамудаи маъмурияти муассисаи таълимӣ шоистаи таҳсин буда, дар ободии як гушаи Ватани азизамон, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори он корҳои созандагӣ барои сазовор ҷашн гирифтани  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд,   аҳамияти хоса дорад.

М.Воҳидов

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ СИМОИ ИДОНА ПАЙДО НАМУД

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ СИМОИ ИДОНА ПАЙДО НАМУД

         Бо супориши директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис барои ташкили фазои идона бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  6-сентябри соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни ҳашар донишҷӯёни муассисаи таълимӣ бо роҳбарии устодон майдони таълимгоҳро тозаю ороста намуда, бехи дарахтонро нарм карданд ва шохчаҳои зиёдатии гулу дарахтонро бурида, онҳоро ороста карданд.

         Инчунин, имрӯз аз ҷониби сохтмончиён корҳои созандагӣ барои азнавсозӣ намудани дарвозаи даромадгоҳи Коллеҷ, ки бо тарҳи наву замонавӣ бунёд мешавад, оғоз ёфт. Дар рӯзи шанбегӣ корҳои рангуборкунӣ дар панҷараҳои  гирду атрофи муассисаи таълимӣ вусъати тоза пайдо кард.

         Бояд гуфт, ки бо анҷом додани чунин амалҳои ободониву зебонигорӣ  симои Коллеҷи фарҳанг дар арафаи 28-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ куллан дигар гардида, хеле зебову назаррабо шудааст.

МИЗИ МУДАВВАР ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

МИЗИ МУДАВВАР ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

Ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми сентсябри соли 2019 дар Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов таҳти унвони “Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони Истиқлолият” бо иштироки корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, маъмурияти таълимгоҳ, устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар аввал ҳозирин тавассути монитор наворҳои ибратомӯзеро, ки инъикосгари бурду бохти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои зиёда аз ду даҳсолаи халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тамошо намуда, таассуроти амиқ бардоштанд.

Баъдан, мизи мудаввар бо маърўзаҳои устодони таълимгоҳ, аз ҷумла Шаҳло Шарипова – ҷонишини директор оид ба тарбия,  Ҷафар Ҷафаров – декани факултаи таълими мусиқӣ ва менеҷменти соҳавӣ, Миралӣ Воҳидов-мудири кафедраи Китобхонашиносӣ ва рўзноманигорӣ, Саврия Қурбонова – омӯзгори фанҳои ихтисоси рузноманигорӣ, Муҳаммаднабӣ Баёни – корманди китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигарон идома карда, зимни суханрониҳо аз ҷумла зикр шуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақилэътироф намуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ рушди бесобиқа пайдо кард.

Ҳамзамон имрӯз дар муассисаи таълимӣ намоиши китобҳо, банерҳое, ки тараннумгари Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ташкил карда шуд, ки аз он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дидан карданд.

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДОИР ГАРДИД

 

ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДОИР ГАРДИД

          Ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1-уми сентябри соли 2019 аз субҳи барвақт устодону донишҷӯёни  Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ба муассисаи таълимӣ омада, саршавии соли хониши 2019-2020-ро ба ҳамдигар табрику муборакбод намуданд. Баъдан онҳо ба толори  Коллеҷ воирид шуда, дар якҷоягӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, тавассути оинаи нилгун мустақиман пахш гардид, шуниданд.

               Баъд аз анҷом ёфтани суханронии Пешвои миллат устодон ва донишҷӯён дар саҳни  таълимгоҳ  Коллеҷ ҷамъ омаданд, ки онҳоро Роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Холова аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори  Рӯзи дониш табрику муборакбод гуфта, ба ҳозирин хониши аъло, аз худ намудани ҳунар, риояи интизоми намунавӣ ва саломатию комёбиҳо таманно намуданд.

             Директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Абдураҳимзода Идрис устодону донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави хониш шодбош гуфта, ба омӯзгорон дар кори таълиму тарбияи шогирдон барору комёбиҳо орзу намуда, ба донишҷӯён барои аз худ намудани  маърифату ҳунар мувафаққиятҳо таманно намуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо суханрҳои шодбошии устодону донишҷӯён идома намада, ба ҳозирин таассуроти нек бахшид. М.Воҳидов

Директори Коллеҷи фарҳанг бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардид.

Директори Коллеҷи фарҳанг бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардид.

        29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

        Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

          Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бистуҳаштсолагии истиқлолияти давлатӣ бо дастоварду рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин рӯйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамлакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардида истодааст.

        Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла директиори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов, Абдураҳимзода Идрис буданд, ки бо медали “ Хизмати шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

      Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи  онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона дареғ намедоранд.