ДАР ЛИТСЕЙ ЗАНГИ ОХИР САДО ДОД
Санаи 13-уми июни соли 2019 дар асоси фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ тибқи муқаррарот дар муддати 45 дақиқа “Занги камолот” баргузор гардид.
Чорабиниро декани факултети Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Ҷаъфаров Ҷаъфар оѓоз намуд. Сипас сухани табрикотӣ ба намояндаи Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳомидова Зебо дода шуд. Номбурда хонандагонро ба муносибати ба итмом расидани соли таҳсили 2018-2019 табрик намуда, аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки литсейи назди Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов яке аз муассисаҳои пешқадами таълимии ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор меравад. Ӯ хитобан ба хатмкунандагони литсей гуфт, ки бояд Шумо дар оянда номбардори муассиса, ноҳия ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азиз бошед. Ҳамчунин, дар чорабинӣ омӯзгорони пешқадам, Ҳомидов А. ва Шарифова Ш. суханронӣ намуда, ба хатмкунандагон барои супоридани аттестатсияи хатм ва супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо бурдбориҳо таммано карданд. Азҷумла, омӯзгори фанҳои таърих ва хуқуқ аз дониши хуби хатмкунандагони литсейи мазкур ёдовар шуд. Инчунин, дар охири чорабинӣ ба хонандагони фаъоли литсей ифтихорномаҳо тақдим гардид. Чорабинии мазкур дар муассиса дар чорчубаи муқаррарот гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки литсейи назди Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов аз ду синф, 10 ва 11 иборат буда, шумораи хонандагони онро 38 нафар ташкил медиҳад.