КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ
Санаи 21-уми майи соли 2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи шоири Халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ консерти ҳисоботии солонаи устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Темурзода, декани факултаи мусиқӣ –омӯзгории Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Муслиҳиддин Солеҳов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Рўдакӣ Маҳмадализода Маҳмадшариф намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Олим Назаров, директори Коллеҷи техникӣ – омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Наҷмиддин Ширинзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Консерти ҳисоботӣ дар сатҳи баланд доир гардида, устодон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ аз рӯи 21 номераи барнома ҳунару истеъдоди худро манзури ҳозирин гардониданд. Таваҷҷуҳи аҳли толорро номераи “Доирабазм”, “Навозиши шаршара”, саҳнаи тарбиявӣ таҳти унвони “Никоҳи хешу таборӣ”, бадеҳаи “Гул ба домон”, қироъати шеърҳо, хори умумии “Арсаи Ваҳдат” ва ғайра бештар ҷалб намуданд, ки тамошобинон барои истеъдоди баромадкунандагон кафкӯбиҳои бардавом заданд.
Бояд иброз дошт, ки роҳбари бадеӣ Қурбоналӣ Шомаҳмадов ва роҳбари мусиқӣ Зафар Абдуллоев барномаи консертиро дар сатҳи баланд омода кардаанд. Натиҷаи онҳо ва дигар омўзгорони таълимгоҳ аст, ки консерти ҳисоботии имсола нисбати солҳои гузашта боз ҳам хубтару хотирмон доир гардид.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис ва меҳмонон ба донишҷӯёни фаъолу соҳибҳунар ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо супорида шуданд.
Миралӣ Воҳидов омўзгори Коллеҷи фарҳанг