ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2018, № АП 11-27 дар бораи гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” санаи 24-уми апрели соли 2019 даври ноҳиявии ин Озмун дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид.
Дар ҷараёни озмун ба ғайр аз ҳайати ҳакамон, муовини раиси ноҳия Фирӯза Камолзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Маҳмадализода Маҳмадшарифи Холзод, директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Оқилов Идрис ва дигар ҳаводорони фарҳанги беназирамон аз ҷумла, аҳли маориф, падару модари баромадкунандагони озмун иштирок намуданд.
Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, ва инчунин таълифи ашъори баландғоияи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон тарғибу ташфиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгонамон мебошад.
Барои дар озмун иштирок кардан, наврасону ҷавонони сершумори фарҳангдӯсти ноҳияи Рӯдакӣ аз муассисаҳои таълимӣ номнавис шуда, онҳо аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, навозанда, сароянда, ровӣ, шоир ҳунару истеъдои худро ба ҳакамон ва аҳли толор нишон доданд.
Бояд иброз намуд, ки дар қатори дигар баромадкунандагон донишҷӯёну хонандагони литсейи назди Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ҳам дар озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” фаъолона иштирок карда, 4 нафари онҳо Асомиддинова Зукира, Қодирзода Умар, Очилдиев Аёмиддин ва Машрабов Муҳаммад бо истеъдод ва маҳорати баланди худ баромад намуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд доир гардид.
Миралӣ Воҳидов