Мизи мудаввар дар Коллеҷи фарҳанг

Ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов бо ташаббуси директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид.

         Дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ доир ба забон ва нақши он дар рушди ҷомеа бо маърузаҳо баромад карданд.

         Аз ҷумла, зимни баромадҳо зикр шуд, ки забони тоҷикӣ, яке забонҳои шевою пурғановат буда, сар карда аз соли 2009, 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

         Ҳозирин дар маърӯзаҳояшон арзиш ва аҳамияти забони модариро баланда арзёбӣ намуда, поку беолоиш нигоҳ доштани онро вазифаи ҳар фарди худогоҳ ҳисобиданд.