Мизи мудаввар дар Коллеҷи фарҳанг

Ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21-уми феврал дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов бо ташаббуси директори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис мизи мудаввар бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён доир гардид.

         Дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ доир ба забон ва нақши он дар рушди ҷомеа бо маърузаҳо баромад карданд.

         Аз ҷумла, зимни баромадҳо зикр шуд, ки забони тоҷикӣ, яке забонҳои шевою пурғановат буда, сар карда аз соли 2009, 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

         Ҳозирин дар маърӯзаҳояшон арзиш ва аҳамияти забони модариро баланда арзёбӣ намуда, поку беолоиш нигоҳ доштани онро вазифаи ҳар фарди худогоҳ ҳисобиданд.

Чорабинии идона дар Коллеҷи фарҳанг

Санаи 23-уми феврали 2019 ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии тантанавӣ доир гардид.

         Дар чорабинӣ дироктори муассисаи таълимӣ Оқилов Идрис иштирок ва суханронӣ намуда, устодон ва донишҷӯёни муассисаро ба ифтихори рӯзи Артиши миллӣ табрику муборак гуфта, ба ҳозирин саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва ба сарбозону афсарон далерию шуҷоатмандӣ орзӯ намуд.

         Сипас дар вазъияти тантанавӣ аз номи маъмурият ба як қатор омӯзгорон ифтихорномаҳо тақдим гардид.

         Барномаи консертии рангин, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯён омода гардида буд, пешкаши ҳозирин шуд.

Чакомаи гесу

      Санаи 15-уми феврали соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов озмуни “Чакомаи гесу” бахшида ба солҳои “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. Дар озмун донишҷӯёни шуъбаҳои китобдорӣ, рӯзноманигорӣ, таълими мусиқӣ, эҷодиёти халқ (фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ дар доираи баномаи муайян дастархони идона ороста, 15 номераи алоҳидаро бо як маҳорати баланд иҷро карданд. Намоиши либосҳои миллӣ, қироъати рубоиҳои халқӣ, суруди халқии “Эй ёр”, рақсҳои ҷаззоб воқеан ҳам дар сатҳи шоиста иҷро шуданд, ки аҳли толор ба ифтихори ҳунарашон қарсакҳои бардавом заданд.

Ҷамъомад бахшида ба Паёми Президент

         Имрӯз санаи 1-уми феврал дар ноҳияи Рӯдакӣ дар бинои мактаби мусиқӣ ба номи Ашраф Мухторӣ бахшида ба Паёми Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси бахши Кор бо ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ ва директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ҷамъомад баргузор гашт. Дар он директори Коллеҷи фарҳанг Оқилов Идрис вобаста ба Паём ва самтҳои асосии он фикру андешаҳои созандаи худро пешниҳоди ҷамъомадагон ироъа намуданд.