18-январи соли 2019 барои тозаю озода намудан ва шинонидани дарахтони ороишӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ ҳашари умумихалқӣ гузаронида шуд. Дар рафти ҳашар омӯзгорон ва доншҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов бо роҳбарии муовини директори Коллеҷи фарҳанг Бобохон Ҳасанов фаъолона иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Акрамзода Рустам бо шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ба корҳои зебонигарию ниҳолшинонии ҳашарчиён оғоз бахшид.
Баъдан, ҳозирин аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳанги ноҳия ва омӯзгорону устодони Коллеҷи фарҳанг бо шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва тозаю озода намудани маркази ноҳия саҳми худро гузоштанд.