Чорабинии хотирмон ба ифтихори рӯзи парчам

       Парчами миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ буда, рамзи иттиҳоду сарҷамъи ва ваҳдати халқи Тоҷикистон аст. Парчами миллӣ ҷузъи муҳими таълим буда, барои дар рӯҳияи ваатандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов омӯзонида мешавад.

         Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, омӯзгорон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ҳар сол чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкилу баргузор менамоянд

         Аз ҷумла, рӯзи 20-уми ноябри соли равон аз ҷониби донишҷӯёни шуъбаи Рӯзноманигории Коллеҷи фарҳанг чорабинии бошукуҳ ташкил ва гузаронида шуд, ки ҳар як баромади донишҷӯёнро аҳли толор бо кафкӯбиҳо пазироӣ карданд. Чорабинӣ бо мақсади дар рӯҳияи дӯст доштани арзишҳои миллӣ ва эҳтиром намудани рукнҳои давлатӣ гузаронида шуд

         Дар охири чорабинии фарҳангию фароғатӣ аҳли нишастро муовини директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Ҷафаров Ҷафар табрик намуданд.

Миралӣ Воҳидов