Чорабинии хотирмон ба ифтихори рӯзи парчам

       Парчами миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ буда, рамзи иттиҳоду сарҷамъи ва ваҳдати халқи Тоҷикистон аст. Парчами миллӣ ҷузъи муҳими таълим буда, барои дар рӯҳияи ваатандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов омӯзонида мешавад.

         Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, омӯзгорон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ҳар сол чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкилу баргузор менамоянд

         Аз ҷумла, рӯзи 20-уми ноябри соли равон аз ҷониби донишҷӯёни шуъбаи Рӯзноманигории Коллеҷи фарҳанг чорабинии бошукуҳ ташкил ва гузаронида шуд, ки ҳар як баромади донишҷӯёнро аҳли толор бо кафкӯбиҳо пазироӣ карданд. Чорабинӣ бо мақсади дар рӯҳияи дӯст доштани арзишҳои миллӣ ва эҳтиром намудани рукнҳои давлатӣ гузаронида шуд

         Дар охири чорабинии фарҳангию фароғатӣ аҳли нишастро муовини директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов Ҷафаров Ҷафар табрик намуданд.

Миралӣ Воҳидов

ОМӯЗГОРОН БО ШАҲОДАТНОМА САЗОВОР ГАРДИДАНД

         Барои баланд гардонидани маҳорату малакаи касбии омӯзгорон дар асоси дархости директори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов Оқлов Идрис аз факултаи такмили ихтисосва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ваа табъу нашри Донишкадаи давлатии Фарҳанг ва Санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода устодони пуртаҷриба омада ба муддати 12 – рӯз ба омӯзгорони шӯъбаи мусиқии Коллеҷи фарҳанг дарс доданд.

         Баъди анҷоми бомувафақияти дарсҳо санаи 14 ноябри соли 2018 устодони Донишкада бо роҳбарии ректори ин муассисаи таълимии олии соҳаи фарҳанг Хайриддин Идиев ба Коллеҷи фарҳанг ташриф оварда, ба 16 – нафар муаллими муаллими шуъбаи мусиқӣ Шаҳодатномаҳо супориданд.

Омӯзгори КФҶ Миралӣ Воҳидов