ЗАНОНУ ДУХТАРОН СОҲИБҲУНАР БОШАНД.

         18-уми октябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи ҷамати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки фаъолони ноҳия ва як гурӯҳ донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ҷамъомад доир гардид. Мавзӯъҳои ҷамъомад “зуроварӣ дар оила амали бад” ва “ВИЧ спид – бемории пешгиришаванда” буд, ки дар доираи мавзӯъҳои номбурда, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ баромад намуданд. Аз ҷумла мутахасиси бахши кор бо занони ноҳия зимни баромадаш иброз намуд, ки занону духтарон бояд ҳунарманд ва соҳибфарҳанг бошанд ва дар устувории оилаҳо масъулиятшинос бошанд.

         Табибони баромадкунанда бо боварӣ иброз намудаанд, ки аз табобат дида пешгирии беморӣ осон аст ва ҳар фард дар солим будан ва аз бемориҳои сироятӣ худро ҳифз намудан кӯшиш намояд. Аҳли толор бар баромадкунандагон дар доираи мавзӯҳои зикргардида саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахшгирифтаанд.