ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОН ВА ОМӮЗГОРОН

        Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ саннаи 5-уми октябри соли 2018дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии идона доир гардид.

         Чорабиниро омӯзгори муассисаи таълимӣ Қурбонова Саврия дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ омода намуданд.

         Дар чорабинӣ директори муаассисаи таълимӣ Оқилов И., ҷонишини директор оид ба тарбия Ҳасанов Б., устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал ва рӯзноманигори варзидаи ин давлати ба мо ҳамсоя Сардорӣ Хушхон, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд ва инчунин омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

         Дар барномаи идона донишҷӯён шеърҳои дар васфи забон бахшидашударо қироат намуданд.

         Инчунин номераҳои рақс, суруд ва саҳначаи тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гашт.

        Дар давоми чорабинӣ  устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал  баромад намуда, дар бораи бузургии забони тоҷикӣ ва инчунин рушди соҳаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуданд.   

         Дар анҷоми чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Оқилов И., низ нисбати ин рӯзи фархунда баромад намуда, меҳмононро барои ташрифашон ба муассисаи таълимӣ ва иштироки онҳо дар чорабинии мазкур арзи сипос намуд.

     Хулоса чорабинии мазкур дар як сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.

ЧОРАБИНИИ НОҲИЯВИРО УСТОДОН ВА ДОНИШӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ШУКӮҲИ ХОСА БАХШИДАНД.

       Ба муносибати Рӯзи забон дар саҳни муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳ ва мутантан бо иштироки аҳли фарҳангу адабиёт ва санъати ноҳия барпо шуд. Дар Рӯзи забон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов  перомуни сухану суханварӣ ва забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироъат гардид.  Ромишгарону мусиқачиён ва овозхонҳо, ки аксарияташон донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ буданд, бо истеъдоду ҳунари худ   табъи ҳозиринро шоду болида намуданд.

      Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар интиҳои чорабинӣ суханронӣ карда ҳозиринро ба ифтихори ҷашни забони тоҷикӣ табрику муборакбод гуфтанд. Ҷамъомадагон бори дигар ба  бузургии фарҳанг ва санъати нобамон арҷ гузошта, ба ҳунару истеъдоди устодону донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг, ки бо роҳбарии директори таълимгоҳ Оқилов Идрис ҷамъомадро шукӯҳи хоса бахшиданд, кафкӯбиҳо намуданд.