ЗАНОНУ ДУХТАРОН СОҲИБҲУНАР БОШАНД.

         18-уми октябри соли 2018 дар маҷлисгоҳи ҷамати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки фаъолони ноҳия ва як гурӯҳ донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ҷамъомад доир гардид. Мавзӯъҳои ҷамъомад “зуроварӣ дар оила амали бад” ва “ВИЧ спид – бемории пешгиришаванда” буд, ки дар доираи мавзӯъҳои номбурда, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ баромад намуданд. Аз ҷумла мутахасиси бахши кор бо занони ноҳия зимни баромадаш иброз намуд, ки занону духтарон бояд ҳунарманд ва соҳибфарҳанг бошанд ва дар устувории оилаҳо масъулиятшинос бошанд.

         Табибони баромадкунанда бо боварӣ иброз намудаанд, ки аз табобат дида пешгирии беморӣ осон аст ва ҳар фард дар солим будан ва аз бемориҳои сироятӣ худро ҳифз намудан кӯшиш намояд. Аҳли толор бар баромадкунандагон дар доираи мавзӯҳои зикргардида саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахшгирифтаанд. 

Рӯзи фалак дар ноҳияи Рӯдакӣ таҷлил шуд

            10-октябр Рӯзи фалак буда, ҳар сол дар ҷумҳурӣ ин санаи фархунда аз ҷониби аҳли фарҳангу ҳунар бо баргузории чорабиниҳои идонаи гуногунсатҳ таҷлил мегардад.

         Аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ дар таърихи 9-октябр Рӯзи фалак ба таври хотирмон таҷлил гардид. Толори Қасри фарҳанги ноҳия пур аз тамошобинон буд, ки аксарияти ҳозирин донишҷӯён ва устодони Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов буданд.

         Дар оғози чорабинии идона директори муассисаи таълимии номбурда Оқилов Идрис ба сухан баромада, зимни баромадаш фалаксаронро як навъ санъати нотакрори соҳибтамаддуну соҳибфарҳанги тоҷик арзёбӣ кард.

         Баъдан, барномаи идонаи консертӣ оғоз ёфт, ки дар рафти он донишҷӯён ва устодони Коллеҷи фарҳанг бо завқи баланд фалаксароӣ намуда аҳли толорро фараҳманду хушҳол намуданд. Номераҳои мусиқӣ низ аз ҷониби   донишҷӯёни таълимгоҳи фарҳангпарвар хеле хуб иҷро шуданд, ки ба лаёқату истеъдоди навозандагони асбоҳои миллӣ  дӯстдорони суруду мусиқӣ кафкӯбиҳои бардавом заданд. Қироъати шеърҳо низ аз ҷониби донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории ин боргоҳи илму ҳунар дар сатҳи баланд иҷро гардид.

         Бояб иброз намуд, ки чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи фалак дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси маъмурият ва омӯзгорону донишҷӯён Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба таври мутантан ва хотирмон доир гардид, ки дар хотирҳо дер боз боқӣ монд.

Миралӣ Воҳидов

ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОН ВА ОМӮЗГОРОН

        Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ саннаи 5-уми октябри соли 2018дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии идона доир гардид.

         Чорабиниро омӯзгори муассисаи таълимӣ Қурбонова Саврия дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигорӣ омода намуданд.

         Дар чорабинӣ директори муаассисаи таълимӣ Оқилов И., ҷонишини директор оид ба тарбия Ҳасанов Б., устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал ва рӯзноманигори варзидаи ин давлати ба мо ҳамсоя Сардорӣ Хушхон, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буданд ва инчунин омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

         Дар барномаи идона донишҷӯён шеърҳои дар васфи забон бахшидашударо қироат намуданд.

         Инчунин номераҳои рақс, суруд ва саҳначаи тарбиявӣ аз ҷониби донишҷӯён пешкаши ҳозирин гашт.

        Дар давоми чорабинӣ  устоди донишгоҳи ба номи “Парвон” – и Ҷумҳурии исломии Авғонистон Соис Аҷмал  баромад намуда, дар бораи бузургии забони тоҷикӣ ва инчунин рушди соҳаи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуданд.   

         Дар анҷоми чорабинӣ директори муассисаи таълимӣ Оқилов И., низ нисбати ин рӯзи фархунда баромад намуда, меҳмононро барои ташрифашон ба муассисаи таълимӣ ва иштироки онҳо дар чорабинии мазкур арзи сипос намуд.

     Хулоса чорабинии мазкур дар як сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шуд.

ЧОРАБИНИИ НОҲИЯВИРО УСТОДОН ВА ДОНИШӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ШУКӮҲИ ХОСА БАХШИДАНД.

       Ба муносибати Рӯзи забон дар саҳни муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳ ва мутантан бо иштироки аҳли фарҳангу адабиёт ва санъати ноҳия барпо шуд. Дар Рӯзи забон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов  перомуни сухану суханварӣ ва забони ноби тоҷикӣ шеърҳо қироъат гардид.  Ромишгарону мусиқачиён ва овозхонҳо, ки аксарияташон донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ буданд, бо истеъдоду ҳунари худ   табъи ҳозиринро шоду болида намуданд.

      Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар интиҳои чорабинӣ суханронӣ карда ҳозиринро ба ифтихори ҷашни забони тоҷикӣ табрику муборакбод гуфтанд. Ҷамъомадагон бори дигар ба  бузургии фарҳанг ва санъати нобамон арҷ гузошта, ба ҳунару истеъдоди устодону донишҷӯёни коллеҷи фарҳанг, ки бо роҳбарии директори таълимгоҳ Оқилов Идрис ҷамъомадро шукӯҳи хоса бахшиданд, кафкӯбиҳо намуданд.

ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ТЕЛЕВИЗИОН

       3 – октябри соли 1959 телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намудааст. Ба ифтихори рӯзи таъсисёбии телевизион имзӯз дар коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии маърифатию фароғатӣ доир гардид. Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзноманигории муассисаи таълимӣ дар барномаи худ оид ба таърихи пайдоиш ва ташаккули телевизион маълумоти муфасал дода, телевизионро воситаҳои муосиртарини ахбори омма маънидод карданд.

         Баъдан, номераҳои суруду мусиқӣ, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ пешкаши аҳли толор гардид, ки ба ҳунари толор гардид, ба ҳунари баромадкунандагон  ҳозирин кафкубиҳои бардавом заданд