Маҳфили адабӣ мусиқӣ

        Ҳамасола дар ҷумҳурӣ ба ифтихори Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ санаи 30-уми сентябр чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд. Ба муносибати ин рӯзи фархунда дар таърихи 29-сентябри соли равон дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов маҳфили хотирмони адабию мусиқи доир гардид.

      Дар чорабинӣ омӯзгорон ва донишҷӯён аввалан аз ҳаёту рӯзгори шоири маҳбуб Ҷалолиддини Балхӣ маълумотҳо дода, аз ашъори ӯ шеърҳо қироат намуданд.

    Баъдан, аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ донишҷӯёни шӯъбаи мусиқии ин муассисаи таълимӣ сурудҳо хонда маҳфилро боз ҳам гарм намуданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки барномаи чорабинӣ бо ташаббуси мудири китобхонаи Коллеҷи фарҳанг Собирова Лайло, омӯзгорон Шарипова Шаҳло ва Шарипова Фариза ташкил ва гузарониданд.

МАҲФИЛИ АДАБӢ – МУСИҚӢ

         21-уми сентябри соли 2018 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба ифтихори гиромидошти 1160 солагии хотираи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили адабӣ – мусиқӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ” баргузор гардид.

         Барномаи маҳфили доир гардида иборат аз шеъру суруд, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ буда, донишҷӯёни баромадкарда бо маҳорату истеъдоди баланд ҳар як номераи чорабиниро иҷро карданд. Аҳли толор аз барномаи рангини пешкашгардида ғизои маънавӣ гирифтанд.

         Дар охир маъмурияти муассисаи таълимӣ суханронӣ карда, саҳми устод Рӯдакиро дар пойдории адабиёти тоҷику форс беназир арзёбӣ намуд, ва иброз доштанд, ки Коллеҷи фарҳанг, ҳамчун макони илму ҳунар дар рушди фарҳангу ҳунари тоҷик арзанда бошад ва донишҷӯён ҳарчи бештар соҳибмаърифату соҳибҳунар гардиданд.

БАРНОМАИ КОНСЕРТИИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

      Ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 9 – сентябр дар муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе аз ҷониби устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Буйдоқов барномаи бошукуҳи консертӣ манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

         Барномаи идона аз суруду мусиқиҳо рақсу саҳначаҳо, ҳунарҳои мардумӣ иборат буда, баромадкунандагон бо маҳорати баланди касбӣ дар назди мардуми фарҳангдӯст ҳунарнамои карданд.

         Тавре, директори муассисаи таълимии номбурда Оқилзода Идрис Абдулваҳҳоб зимни суҳбат ба мо иброз доштанд, аз ҷониби аҳли ҳунари Коллеҷи фарҳанг бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тибқи супориши роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол дар дигар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои мукаммали консертӣ пешкаши тамошобионон карда мешаванд. Ҳадафи амалӣ намудани ин тадбирҳоро мусоҳиби мо чунин баён намуданд, ки “Фарҳанг – неъмати бебаҳост ва рушди фарҳангу ҳунар ба бақои давлату миллат ҳамеша мусоидат менамояд”.

РӮЗИ ДОНИШ

          Ба муносибати оғози соли хониши 2018 – 2019 дар саҳни Коллеҷи фарҳанги ҷумщуриявь ба номи П. Буйдоқов ҷамъомади идона доир гардид.

         Дар ҷамъомад омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимиро Салимзода Абдураазоқ, сармутахассиси шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти Вазорати фарҳанг ба ифтихориба ифтихори “Рӯзи дониш” табрику муборакбод гуфта ба ҳозирин ба ҷодаи илму ҳунаромӯзи комёбиҳои беназир орзу намуд

         Инчунин, ҳозиринро мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳайё Шамсиддинова аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик намуд.

         Дар коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов “Рӯзи дониш” дар рӯҳияи идона таҷлил гардид.