Ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Иҷлосияи 16-умин Шурои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маҷлисҳои Коллеҷи фарҳанги чумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов конференсияи илмӣ амалӣ таҳти унвони “Талошҳои Пешвои миллат дар рушди давлатсозӣ” доир гардид.
Дар кори Конференсия муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати Адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ, маъмурияти таълимгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок кардаанд.
Баъди ифтитоҳи Конференсия Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ бо маърузи пурмуҳтаво дар бораи “Саҳми Пешвои миллат дар раванди ҳалли масъалаҳои сиёсӣ” омӯзгори муассисаи таълимӣ Зиёвуддин Ҷамолов дар мавзӯъи “Саҳми Пешвои миллат – дар рушди фарҳанг” ва омӯзгоори дигари Коллеҷи фарҳанг Миралӣ Воҳидов дар мавзӯи “16-уми ноябр – Рӯзи Сидқу сафо” баромад намуда, оид ба арзиш ва аҳмияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ва хидматҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон дар рушди фарҳанги тоҷик маълумотҳои муфассалбаён намуданд. Сипас, аз аз ҷониби ҳозирин ба маърузачиён саволҳо дода шуд, ки ба савоҳо Абдухолиқзода Акмал Маҳмадӣ посухҳои қаноатбахш доданд.
Конференсия дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир шуда, ба аҳли толор таъассури нек бахшид.