Ҷамъомади идона дар Коллеҷи фарҳанг

Дирӯз дар Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ба муносибати 24-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо иштироки муовини директор оид ба тарбия Шаҳло Шарипова ва як қатор устодону донишҷӯён ҷамъомади идона баргузор гардид.

 

Дар аввал омӯзгори фанни асосҳои ҳуқуқ  Ҳомидов Абдураҳим дар мавзӯи “Сулҳи тоҷикон-таҷрибаи беназири сулҳофарӣ” маърӯза намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар барқароршавии сулҳу оромӣ дар мамлакат саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бузург аст.

Сипас, донишҷӯён дар бораи Ваҳтади миллӣ, Тоҷикистон,  Пешвои миллат, Истиқлолияти давлатӣ  шеърҳо қироат карданд. Суруду оҳангҳои дилнишини баромадкунандагон ба ҷамъомади идона шукуҳи хоса бахшид.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>