Мизи мудавар бахшида ба зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ

Бахшида ба солгарди зодрӯзи устод Садриддини Айнӣ  саннаи 15 апрели соли равон дар толори хониши Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён имизи мудаввар баргузор гардид.

Муовини директор оид ба тарбия Шарифова Шаҳло нахуст дар бораи зиндагиномаи Садриддин Айнӣ ба ҳозирин маълумот дод. Номбурда аз ҷумла иброз дошт,  ки Устод  Айнӣ шахсияти барҷастаи фарҳангиест, ки дар  халқи тоҷик   дар асри 20 ба тамаддуни умумибашарӣ пешниҳод намудааст. Адиб аз худ мероси гаронбаҳои илмию адабӣ боқӣ гузошт. Устод дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мушарраф гардид.

Сипас, донишҷӯён дар бораи ашори адиб маълумот дода, фаъолияти эҷодии ин чеҳраи дурахшони фарҳангиро ба таври  шоиста бозгӯ намуданд. 

                                                                                                               М.Воҳидов

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>