Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо шукӯи хоса таҷлил гардид.

         Дар асоси Нақша-чорабиниҳои муассиса бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврўз» санаи 19 марти соли 2021 бо роҳбарии директори Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов” Разоқов Салоҳидин Шамсидинович барномаи идонаи наврўзӣ таҳти унвони «Наврўз-эҳёгари фарҳанг ва суннатҳои миллист» бо намоиши васеи ҳунарҳои миллии мардумӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.

            Дар ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ директори муассиса ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибова Раҷабгул, Самиев Абдуразоқ, инчунин муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Суфиев намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Олим Назаров, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, Сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Насими айём” Рухшона Шобудинова, бо суханони шодбошию табрикоти кулли иштирокчиёнро ба хусус наврасону ҷавонони боистеъдодро ба муносибати таҷлили иди байналмилалии «Наврўз» ва пайки омад-омади оғози фасли баҳори файзбор самимона табрику муборакбод намуданд.

         Сипас, баъди анҷоми суханрониҳо ба як қатор кормандону омӯзгорон ва донишҷўёни фаъол  нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ифтихорномаву сипосномаҳои соҳавӣ тақдим карда шуд.

        Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии идонаи наврўзӣ намоиши васеи таъомҳои миллӣ, дастархони ҳафтсин-ҳафтшин, суманакпазӣ, оши бурида, оши палов, қурутобу шакароби миллӣ, таҳмолпазӣ, кулчақанду ҳалвои дегӣ, инчунин намунаҳои расмҳои гуногуни бачагона, гулдўзию чакандўзӣ, қуроқбофӣ, хонаи арўсон, усмамолию чолбандбофӣ, гаҳворабандӣ, буҷилбозию, бандкашӣ, гуштини миллӣ  ва асбобҳои миллии мусиқӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки ба меҳмонону тамошобинон қобили қабул гардид.

Дар идомаи чорабинии наврўзӣ аз ҷониби санъаткорони шинохта ва ҳунармандону истеъдодҳои ҷавони муассиса барномаи консертӣ бо пешниҳоди суруду таронаҳои баҳорӣ, навозиш бо созҳои мусиқии миллӣ, найбазм, дойрабазм, карнайбазм, таблакнавозию дабалнавозӣ, рақсҳои чолиб ва фалаксароии миллӣ бо шукўҳу шаҳомати хоси наврўзӣ баргузор гардид, ки хотири мухлисону иштирокчиёнро шод гардонид.

         Мақсад аз баргузории барномаи наврўзи пайваста ҷалб намудани наврасону ҷавонони соҳибистеъдод ба чорабиниҳои фарҳангӣ, мустаҳакам намудани баззаи эҷодии муассиса, ҳавасмандгардонии чеҳраҳои ҷавон барои иштирок дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, ҳисси зебоиписандӣ ва соҳиб касб гардидани наврасону ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Воҳидов М.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>