ШАНБЕГЙ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАШТ

 

Бо мақсади сазовор ва бо дастовардҳои арзанда ҷашн гирифтани 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо корҳои ободонию зебоинигорӣ дар сартори кишвар бо маром идома доранд.

Барои гулкорӣ намудан ва тозаю озодона нигоҳ доштани гирду атрофи Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов санаи 13-уми феврали соли 2021 дар муассисаи таълимӣ шанбегии дастаҷамъолна гузаронида шуд. Дар шанбегӣ донишҷӯёни басти дуюми ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, эҷодиёти халк (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ва таълими мусиқӣ ва омӯзгорон бо роҳбарии директори таълимгоҳ Разоқов Салоҳидин фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти шанбегй аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён сесад бех гулҳои ороишй, аз ҷумла садбарг шинонида шуда, бехи дарахтон нарм ва ҷӯйборҳои гирду атрофи муассисаи таълимӣ ба масофаи 100 метр аз партовҳо тоза гардид.

Бояд иброз намуд, ки масъалаи тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи Коллеҷи фарҳанг ва сарсабзу хуррам гардонидани саҳни таълимгох зери таваҷҷӯҳи хосаи директори муассисаи таълимӣ Разоков Салоҳидин қарор дорад .

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>