ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ  “КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИЯВИИ  БА  НОМИ П. БӮЙДОҚОВ”  ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА   БАРГУЗОР  ГАРДИД .

    Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  тозаю озода намудани муҳити зист, аз ҷумла синфхонаҳои таълимгоҳ ва утоқҳои корӣ аз чангу ғубор  ва тоза намудани  тамоми роҳраву  гирду атрофи Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” аз барфу яхпораҳо санаи 30-юми январи  соли 2021 таҳти роҳбарии директори муассиса Разоқов Салоҳиддин шанбегии дастаҷамъона ташкил ва гузаронида шуд.

 Дар шанбегӣ устодон ва донишҷӯён бо роҳбарии  директори таълимгоҳ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 300 метр  роҳравҳоро аз барфу яхпораҳо тоза намуда, ҷӯйборҳои гирду атрофи таълимгоҳро аз партовҳои гуногун  ба пурагӣ тоза   гардониданд.

Инчунин, як толори варзишӣ ва 20 адад синфхонаҳоро бо маҳлулҳои бе зараргардонӣ (хлор) тозаю озода намуда, тирезаҳои баланқадро ба пуррагӣ аз чангу ғубор покиза гардонидаанд.

      Дар рафти шанбегӣ донишҷӯёни ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, рӯзнманигорӣ, эҷодиёти халқ (Фолклор), Менеҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ ва таълими мусиқӣ фаъолона иштирок намуданд.

      Амалӣ намудани чунин тадбирҳои ободонӣ  воқеан ҳам ба зебогии на танҳо муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанги мамлакат, балки  ба зебогии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон  нақши калон дорад.

There are no comments yet.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked (*).

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>