ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ АЗ ОИНАИ НИЛГУН ТАМОШО НАМУДАНД
26 январи соли 2021 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов таҳти роҳбарии директори муассиса Разоқов Салоҳидин устодон ва донишҷӯён Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг афзалияти бештар доданд. Бинобар ин омӯзгорони муассисаи таълимӣ аз Паёми навбатӣ илҳоми тоза гирифа, азму талош менамоянд, ки минбаъд дар таълиму тарбияи шогирдони сазовори давру замон саҳми намоён гузоранд.
Омӯзгорни Коллеҷи фарҳанг изҳори хушнудӣ намуданд, ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу салоҳ ва давлати соҳибистиқлол кору зиндагӣ намуда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиндагии саодатмандона ноил гардидаанд. Дар оянда боз ҳам Тоҷикистон рушд менамояд, зеро дар Паёми Пешвои миллат дурнамои тамоми соҳаҳо нишон дода шудааст, ки умедҳоро ба гул-гулшукуфоии Тоҷикистон боз ҳам зиёд намудааст.
М. Воҳидов